Ширкат дар 2008 сол ташкил шуда, аллакай дар бозор ҳамчун таъминкунандаи асосии профилҳои алюминӣ ва ҷузъҳои иловагию пуркунандаи онҳо аз Туркия ба Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол намуда буд.

Дар моҳи июни соли 2013, ширкати мо аввалин корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминиро пас аз ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор андохт.

Имрӯзҳо мо калонтарин истеҳсолкунандаи системаҳои профилҳои алюминӣ дар Тоҷикистон мебошем.

Профилҳои алюминии LEGA – ин маҳсулоти ҳозиразамон ва пешомадаш калон мебошад. Чуноне маълум аст, алюминий маводи аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, омехтаи фулузоти вазнинро надорад, ба тезутундии ҳаво, зангзанӣ, таъсири шуоъҳои ултрабунафш ва боришоти тезобдор устувор мебошад. Рӯйпӯши профилҳо ба таъсири бади муҳити атроф устувории баланд дорад. Аз худ модаҳои зараровар ҷудо намекунад, дар худ қувваи барқи статикиро ҷамъ намекунад. 

Маҳз ҳамаи ин хосиятҳо истифодаи бисёрсолаю мустаҳками маҳсулотҳо ва конструктсияҳо аз профилҳои алюминии LEGA-ро таъмин менамоянд